- аз
- [از]пешоянд1. сарчашмаи амалу ҳаракатро ифода мекунад; ранҷидан аз касе, тарсидан аз чизе…2. ашёеро мефаҳмонад, ки дар иҷрои амал истифода мешавад ва саршавии амал ва объекти ҳаракат ба вай вобаста аст; дар ин маврид бештар бо феълҳои доштан, гирифтан меояд: аз дасти касе доштан3. барои ифодаи муносибатҳои сабаби рӯй додани ҳаракату амал истифода мешавад: аз гушнагӣ, аз мондагӣ4. ҷои зуҳури шахс ё чизи дигарро ифода мекунад: аз деҳаи…, аз шаҳри…5. барои муқоисаи ду ё якчанд ашё истифода мешавад: аз касе (чизе) калонтар6. ба ҷузъи гурӯҳ, чизи том ё навъи чизҳо ишора мекунад: аз растаҳои…7. аз як ҳолат баромадан ва ба ҳолати дигар баргаштанро ифода мекунад. баргаштан аз ақида, аз роҳ8. чизеро нишон медиҳад, ки чизи дигар аз он сохта шудааст: аз оҳану пӯлод9. ба манбаъ ва ҷои ҳосил шудан ва гирифта шудани чизе, ба ҳудуди доираи мавзӯъ ва ашё ишора мекунад: аз ҳаёти…, аз саргузашти…10. ба муносибатҳои замонӣ (саршавии ҳаракату амал ва ғ.) ишора мекунад, дар ин маврид бештар калимаҳои ифодакунандаи вақту замон (рӯз, аввал, сол, ҷавонӣ, саҳар, тобистон, фурсат ва ғ.) бо пешоянди «аз» кор фармуда мешаванд: аз тирамоҳи…, аз соли…11. бо ҷонишинҳои шахсӣ ва ишоратӣ омада, мансубиятро ифода мекунад; аз ту, аз он, аз вай12. бо пешоянди то ва ба (аз… то…, аз… ба…) омада, фосилаи муайяни масоҳату вақт ва оғози чизеро ифода мекунад: аз сари шом то саҳар13. таркибҳои зарфӣ месозад: аз боло, аз нав, аз миён, аз поён, аз сари нав ва ғ.14. ба воситаи бандаки изофӣ аз калимаҳои дигар пешвандҳои номии изофӣ месозад: аз барои, аз баҳри, аз боиси, аз ваҷҳи, аз ғояти, аз дасти, аз қабили, аз қаъри, аз лаби, аз мобайни, аз роҳи, аз сабаби, аз сари, аз тарафи, аз хусуси, аз ҳузури, аз ҷониби, аз ҷумлаи, аз шарофати …15. таркибҳои пешояндии номие месозад, ки худи пешоянди аз дар он ҷузъи дуввумро ташкил медиҳад: берун аз, қабл аз, мақсад аз ва ғ.16. бо феъл омада навъи муайяни фразеологизмҳои феълиро ташкил медиҳад: аз даст баровардан, аз даст додан, аз назар гузаронидан, аз по афтодан, аз чашм мондан, аз чизе (ҷое) гузаштан◊ аз нав боз, дубора, такроран; аз бар кардан аз ёд кардан, ҳифз кардан
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.